- чиз
- I[چيز]он чи вуҷуд дорад ва мавҷуд аст, шайъ, ашё, предмет; падида, мавҷудII[چيز]1. мол, сарват, дороӣ, молу мулк, хоста2. ҳар ҷисми беҷон; чизу чора асбобу анҷом, масолеҳи даркорӣ; як чиз предмети номуайян; як чиз як чиз чизҳои ҷудогона, чизҳои гуногун, чизе; ҳама чиз ҳама, беистисно, ҳар он чи буд ё ҳаст; аз ҳеҷ чиз камбудӣ надоштан ҳама чиз доштан, эҳтиёҷе надоштан; ба назар ҳеҷ чиз нанамудан аз паи фикре шуда, ба чизе аҳамият надодан; ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набудан эҳтиёҷе надоштан; кам-кам чиз хӯрдан андак-андак хӯрок хӯрдан; ягон чиз шудан қадр пайдо кардан; чизе а) як чизи номуайян; б) он чи ки ҳаст, ҳар он чи…; в) ягон чиз, ҳеҷ чиз; чизе нафаҳмид; г) қадаре, андаке, як миқдор; чизе ки… он чи ки; ба чизе ба ягон чиз; ҳар чизе ҳар он чӣ; чизе гуфтан гап задан, ҳарфе гуфтан3. кас, шахс
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.